ӯҳдадорӣ — [عهده داري] иҷрои чизеро ё кореро ба зимма гирифтан, маҷбурият; вазифадор шудан (барои иҷрои коре), вазифадорӣ: ӯҳдадории ҳарбӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
зимма — [ذمه] а. ӯҳда, ӯҳдадорӣ; ба (дар) зимма гирифтан ӯҳдадор шудан, вазифадор шудан; иҷрои кореро ба ӯҳда гирифтан; ба зиммаи касе гузоштан (мондан) касеро ӯҳдадор кардан, вазифадор кардан ба иҷрои коре ◊ аҳли зимма таър. яҳудиён, насрониён ва… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вазифа — [وظيفه] а 1. кори муайяне, ки иҷрояш ба ӯҳдаи касе вогузор шудааст; коре, ки кас ба иҷрои он ӯҳдадор аст, кори ҳаррӯза, ӯҳдадорӣ, хизмат, амал: вазифаи инсонӣ, вазифаи муқаддас, вазифаи фахрӣ; вазифаи хонагӣ машқ, масъала ва умуман сабақ, ки… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гардан — [گردن] 1. қисме аз бадан, ки байни сар ва танаи одам, ҳайвонот, парандагону хазандагон ва м.ин. воқеъ аст 2. ҷои танги байни даҳон ва шиками зарфҳо, гардани зарфҳо ва асбобҳои дигар: гардани кӯза, гардани шиша; ба гардани… ба зиммаи…, ба ӯҳдаи…;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мутасаддӣ — [متصدي] а. ба ӯҳда гиранда, ба зима гиранда (кореро); мутааҳҳид; масъули ягон кор; мутасаддӣ кардан а) масъули коре таъйин кардан; б) ӯҳдадор гардонидан; мутасаддӣ шудан (гаштан) ба коре ба зима гирифтан иҷрои кореро, ӯҳдадор шудан дар иҷрои коре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷавобгар — [جوابگر] 1. масъул, мутасаддӣ ва масъули коре 2. ӯҳдадор 3. гунаҳгор, айбдор, ҷавобдиҳанда (дар мурофиа); ҷавобгар будан масъул будан, гунаҳгор будан; ҷавобгар кардан масъул гардонидан, ӯҳдадор кардан, гунаҳгор кардан; ҷавобгар шудан масъул шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
билет — [بليت] фр 1. ҳуҷҷат барои истифода аз нақлиёт (қатора, ҳавопаймо, автобус ва ғ.) ва ё барои дохил шудан ба тамошогоҳҳо (кино, театр ва ғ.), ки ба ивази пул медиҳанд; пата (барои қатора), чипта: билет гирифтан, билет додан, билет харидан 2.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бима — [بيمه] 1. қарордоде, ки миёни ду тараф (бимагузор ва бимагар) баста шуда, дар асоси он бимагар бо гирифтани маблағи муайян аз тарафи бимагузор ӯҳдадор мешавад, то ӯро ҳангоми дучор шудан ба хатарҳои эҳтимолӣ (сӯхтор, сел ва ғ.) ҳимоя карда,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бимагар — [بيمه گر] шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки ӯҳдадор аст, то шахси бимагузорро дар мавриди дучор шудан ба хатари эҳтимолӣ ҳимоят ё зарари ӯро ҷуброн кунад; суғуртакунанда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вазифадор — [وظيفه دار] ӯҳдадор, муваззаф; вазифадор будан иҷрои вазифаеро дар зимма доштан; вазифадор кардан иҷрои кореро ба зиммаи касе гузоштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ